Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бемори ту шудам ба аёдат наёмадӣ,

Бемори ту шудам ба аёдат наёмадӣ, Сӯи муриди худ ба иродат наёмадӣ. Ранҷуриям фузуд, чу дар пурсишам қадам Ранҷа накардиву ба аёдат наёмадӣ. Гӯянд дар савоби аёдат ибодат аст, Қасди савобро ба ибодат наёмадӣ. Аз бахти номусоиди ман, эй ҳумои қудс, Бар ман фиканда зилли саодат, наёмадӣ. Ҳаргиз ба ҳусни моҳ насанҷид хешро, К-аз вай, чу офтоб, зиёдат наёмадӣ. Ошиқкушӣ ба теғи ҷафо одати ту буд, Бо мо чӣ шуд, ки бар сари одат наёмадӣ? Ҷомӣ, ба лофи ишқ чу ҳар булҳавас бимир, К-аз теғи ишқи аҳли шаҳодат наёмадӣ.