Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй, ки ба ширинсуханӣ нархи шакар мешиканӣ,

Эй, ки ба ширинсуханӣ нархи шакар мешиканӣ, Ҳабака афнӣ баданӣ шавкаки афнӣ шаҷанӣ.21 Чеҳра афрухтаӣ, ҷони касон сӯхтаӣ, Моҳи кадомин фалакӣ, шамъи кадом анҷуманӣ? Дида кунам фарши раҳат, чун ту ба сӯям гузарӣ, Сар фиканам дар қадамат, гар ту зи поям фиканӣ. Гашти чаман кун, бикушо ғунчасифат банди қабо, То накунад шоҳиди гул даъвии нозукбаданӣ. Парда чу аз чеҳра кашӣ, ҳайрати шамъи чигилӣ, Шона чу дар турра занӣ, ғайрати мушки хутанӣ. Ҷомӣ, агар сохт ҳадаф ёр саводи басарат, Беҳ ки қадам пеш ниҳӣ, дида ба ҳам барназанӣ.