Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳеч аз ин мубтало намепурсӣ,

Ҳеч аз ин мубтало намепурсӣ, Чист мӯҷиб, чаро намепурсӣ? Нест парвои ҳоли банда туро, В-аз барои Худо намепурсӣ? Вақти бегонагон хуш аст, басе, К-аз мани ошно намепурсӣ. Ҳама ҷо бар ту роҳ мегирам, Ҳаргиз аз ҳеч ҷо намепурсӣ. Подшоҳӣ! Кас аз ту чун пурсад, Ки чаро аз гадо намепурсӣ? Ҳоли Ҷомӣ вафост бо саги ту, Ҳоли аҳли вафо намепурсӣ?