Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ,

Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ, Дида равшан кардаме з-он рӯи зебо, кошкӣ. Хотир андар сояи Тубо наёсояд маро, Соя кардӣ бар сарам он сарви боло, кошкӣ. Гарчи имрӯз аз ҷамоли ӯ нагаштам баҳраманд, Ваъдаи ин давлат афтодӣ ба фардо, кошкӣ. Ошиқонро рухсати гул дидану чидан чӣ суд? Будӣ он гулчеҳраро изни тамошо, кошкӣ. Кошкӣ, гӯям, висоли ӯ маро гаштӣ насиб, Бенасибонро насибе нест илло, кошкӣ. Бо вуҷуди ақлу дин сомон нагирад кори ишқ, Дар ҳуҷуми ин шудӣ он ҳарду яғмо, кошкӣ. Шоҳ Абулғозӣ, ки мегӯяд, шаҳи анҷум зи давр Будиям дар силки наздикони ӯ ҷо, кошкӣ. Ҳар чӣ хоҳад, бод ҳосил дар ҳарими базми ӯ В-аз ҳарими базми ӯ садсола раҳ то кошкӣ. Назми Ҷомиро, ки шуд дар васфи лутфи ӯ чу дурр, Ҷо набудӣ ғайри гӯши шоҳу илло, кошкӣ.