Субҳи азал ба хонаи заррини офтоб,
Субҳи азал ба хонаи заррини офтоб,
Бар лавҳи сими чарх навиштанд ин хитоб.
К-ин сабзхишти мадрасаи зарнигор нест
Ҷуз баҳри ҳар ҳунарталаби дониши китоб.
Битрош ҳарфҳои ҷаҳолат зи дил, ки ҳаст
Хатҳои нодурусти сияҳрӯии китоб.
Бошад лубоби оламиён навъи одамӣ,
Ҳастанд зумраи уламо луббаталлубоб.
Хобат шавад ибодат, агар з-он, ки чанд шаб
Бар худ кунӣ ҳаром дар ин маҳди ҷаҳд хоб.
Аз нури субҳи шеб куҷо баҳравар шавӣ,
Дуди чароғ агар нахӯрӣ дар шаби шубоб.
Бошад маҷомеи уламо равзаҳои қудс,
Худро ба он риёз каш аз мартаъи давоб.
Ноаҳлро ба илм махон, з-он, ки мушкил аст
Аз рашҳи абр маҳви савод аз пари ғуроб.
Ҷонро ҳиҷоби ҷаҳл азобест сахт талх,
Аз инҳирофи табъ бувад узбат ин азоб.
Шояд бубинӣ он чӣ бубинанд аҳли дил,
Бикшо зи пеши дидаи ҷони худ ин ҳиҷоб.
Дар касби илм кӯш, ки қалб аз муаллимӣ,
Ояд бурун зи манқасати соири кулоб.
Беҳтар зи кунҷи мадраса набвад туро паноҳ,
З-ин даҳри пурҳаводису чархи пуринқилоб.
Масти шароби кибр шудӣ аз хаёли илм,
То дар ту оқибат чи хумор орад ин шароб?
Гум кардаӣ ба масъалае чанд хешро,
Даркаш ба ҷайби фикр сару хешро биёб.
Хоҳӣ, ки тавсани фалак орӣ ба зери рон,
Исосифат барор хари худ аз ин ҷулоб.
Хӯрдӣ ба фазл, ҷои бузургон макун талаб,
Бас тифли тездав, ки ба рӯй афтад аз шитоб.
Мантиқ кунад ба фикр савоб аз хато ҷудо,
Дорад натиҷа мантиқи ту фикри носавоб.
Ишколи илм ҳайъати ботин накарда ҳал,
З-ашколи ҳандасӣ-т чӣ гирад касе ҳисоб?
Дилро ба оби зуҳду вараъ деҳ таҳорате,
К-ин бошад аз китоби ҳидоят нахуст боб.