Сабукдастӣ кун, эй соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро,
Сабукдастӣ кун, эй соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро,
Ба худ дармондаем, аз мо замоне вораҳон моро.
Намехоҳам, ки афтад чашми мо бар ту, хушо вақте,
Ки созӣ дар ҳиҷоби ғайби хеш аз мо ниҳон моро.
Миёни мову ту набвад ҳиҷобе ҷуз вуҷуди мо,
Биё, як дам камар бикшою бардор аз миён моро.
Ҷамоли худ намо, то нест гардем аз вуҷуди худ,
Ки ҳаст ин нестӣ тухми бақои ҷовидон моро.