Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Дидае ку, ки пур аз ҳасрати дидори ту нест?
Дидае ку, ки пур аз ҳасрати дидори ту нест? Синае кӯ, ки дар он мурғи гирифтори ту нест? Гар зи хуноби ҷигар об диҳад оби ҳаёт, Равнақи гул ба ҷуз аз гӯшаи даст
Зи сӯзи ишқи ту з-он гуна дӯш тан месӯхт
Зи сӯзи ишқи ту з-он гуна дӯш тан месӯхт, Ки ҳар нафас зи таи сина пираҳан месӯхт. Ҳодиси ишқи туро то навишт мекардам, Сипандвор нуктаат бар сари сухан месӯхт.
Мужда эй дил, ки зи ғам вақти наҷот омадааст
Мужда эй дил, ки зи ғам вақти наҷот омадааст, Боз дар хонаи ҷон шамъи ҳаёт омадааст. Нест андешаи инсону малакро гузаре, Пеши ҳусни ту парӣ бас ба закот омадаас
Гули мақсудро бӯ кардам имшаб
Гули мақсудро бӯ кардам имшаб, Хаёли чашми ҷоду кардам имшаб. Зи селоби сиришкам гашт тӯфон, Ба оби зиндагӣ хӯ кардам имшаб.
То шароби лаби лаъли ту ба ҷом аст имшаб
То шароби лаби лаъли ту ба ҷом аст имшаб, Кавкаби бахти маро ком ба ком аст имшаб. Омадӣ ҷону дилу дида нисорат бодо, Чун туӣ муниси ҷон, хоб ҳаром аст имшаб.
Ҳангомаи дил гарм ба май мекунам имшаб
Ҳангомаи дил гарм ба май мекунам имшаб, Ҳамсӯҳбатии нолаи най мекунам имшаб. Гарм аст маро сӯҳбату сар бар кафи даст аст, Меҳмонии сад ҳотами Тай мекунам имшаб.
Эй мунаввар аз маҳи ҳуснат чароғи офтоб
Эй мунаввар аз маҳи ҳуснат чароғи офтоб, В-эй муаттар аз сари зулфат димоғи офтоб. Оби савдоят суроҳӣ бар лаби соғар ниҳод, З-оташи дил рехт майро дар аёғи офто
Мадеҳ бар бод аз шона сари зулфи парешонро
Мадеҳ бар бод аз шона сари зулфи парешонро, Макун саргаштаи водӣ ту инак, дардкешонро. На гул дидам, на булбулро, аз ин бӯстонсаро рафтам, Дуои ман сабо гӯӣ, аг
То кард бино чашми ту бедодгариро
То кард бино чашми ту бедодгариро Оташ ба дил афтод насими саҳариро. Бас Хизр, ки сероб шуд аз чамаи ҳайвон, Чун ғунча кушодӣ ту даҳони шакариро.
То дод навид аз қадамат абр чаманро
То дод навид аз қадамат абр чаманро, Бикшод ба побӯсии ту ғунча даҳанро. Гар парда шавад дур зи рухсораи ҳуснат, Юсуф накунад бори дигар ҳубби ватанро.
Ғам мекунад фузунӣ, эй дӯстон худоро
Ғам мекунад фузунӣ, эй дӯстон худоро, Шояд нуҳуфта монад ин рози ошкоро. Моро чу мум бигдохт ин оташи муҳаббат, То чанд бошадат дил дар сина санги хоро?
Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро
Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро, Баргузидам зи ҷаҳон гӯшаи танҳоиро. Қасди ман баҳри нигоҳе зи мурувват дур аст, Кас гунаҳкор накардаст тамошоиро.
Доғи нави ту мениҳам ҷону дили кабобро
Доғи нави ту мениҳам ҷону дили кабобро, Равнақи тоза медиҳам мамлакати харобро. Хуни ҷигар фишондаам дар раҳи ҷустуҷӯ басе, То ки гирифт дасти ман домани офтобр
Офиятро нест чун андешаи дармони мо
Офиятро нест чун андешаи дармони мо, Доғи расвоӣ манеҳ беҳуда ғам бар ҷони мо. Дар шаби ялдо агар шамъе набошад, гӯ мабош, З-оташи дил равшан аст ин кулбаи эҳзо
Гар парда бар фитад зи гули тозадоғи мо
Гар парда бар фитад зи гули тозадоғи мо, Оташ фитод зи рашк ба гулҳои боғи мо. Бо он ки сар зад аз дили ман шуълаҳои оҳ, Равшан кунад зи боди ҳаводис чароғи мо.
Чун кунад парданишин чеҳраи нурафшонро
Чун кунад парданишин чеҳраи нурафшонро, Панҷа дар панҷаи мижгон кунадам мижгонро. Дӯш бар дӯш равад донаи ашкам зи назар, Ҳалқа дар ҳалқа бувад силсилаи тӯфонро
Оташи ишқи ту дар дил булбулу парвонаро
Оташи ишқи ту дар дил булбулу парвонаро, Бодаи шавқи ту бар лаб соғару паймонаро. Аз шиканҷи зулфи ту ҳосил нашуд ороми дил, Оқибат кардӣ ба по занҷир ин девона
Гираҳ зи кор чу накшод беқарории мо
Гираҳ зи кор чу накшод беқарории мо, Дигар чӣ суд дило аз фиғону зории мо. Ба беқарории мо сӯзи дил қарор гирифт, Натиҷаи аҷабе дод беқарории мо.
Биё эй дил, даме ёди ватан кун
Биё эй дил, даме ёди ватан кун, Чу қумрӣ нола бар сарви чаман кун. Худоро парда аз рухсор бардор, Зи шамъи ҳусн равшан анҷуман кун.
Чанд хуноби дил аз дида ба домон кардан?
Чанд хуноби дил аз дида ба домон кардан? То ба кай нола зи бедодии ҳиҷрон кардан? Нест андешаам аз кӯтаҳии умр, вале Боядам зоди раҳи ҳиҷри ту самон кардан.
Булбул ба фиғон чанд зи дидори гулистон?
Булбул ба фиғон чанд зи дидори гулистон? То кай бувад ин равнақи бозори гулистон? Эй дил, ба ҷафо соз, ки дар дидаи булбул, Фарқе набувад дар гулу рухсори гулис
Чу гул хандон ба гулшан сайри гулшан метавон кардан
Чу гул хандон ба гулшан сайри гулшан метавон кардан, Чу булбул бар сари ҳар шох шеван метавон кардан. Баҳор омад нишастан то ба кай дар хона, эй мастон Ба пои г
Гар майли сухан дорӣ, дам аз дами мастӣ зан
Гар майли сухан дорӣ, дам аз дами мастӣ зан, Гар дам задаӣ боре аз бодапарстӣ зан. Дар сӯҳбати бадмастон чун маст шудӣ, бар хез, Бар шишаи май ғофил масте шуда
Гар маро шуълаи оҳе зи дил ояд берун
Гар маро шуълаи оҳе зи дил ояд берун, Лахт-лахти ҷигарам музмаҳил ояд берун. Баски оғушта ба хун аст дилам тоза ҳанӯз Бар танам гар бишикофанд, гил ояд берун.
На сӯи гулшани ҳуснат назар тавон кардан
На сӯи гулшани ҳуснат назар тавон кардан, На дар ҳарими хаёлат гузар тавон кардан. На бо рақиб тавон лаҳзае ба сар бурдан, На аз диёри муҳаббат сафар тавон кард