Эй, аз ду ҷоми лаълат моро тамом ниме,
Эй, аз ду ҷоми лаълат моро тамом ниме,
Айши тамоми моро бас з-он ду ҷом ниме.
Гуфтам, зи зикри номат ёбам зи худ раҳоӣ,
Аз худ тамом растам, ногуфта ном ниме.
То моҳи ид бошад шабҳои ошиқонро,
Бинмой аз он ду абрӯ ҳар вақти шом ниме.
Аз сӯзи сина пухтам деги умед, лекин,
Аз сардии рақибон мондаст хом ниме.
З-ин ним ҷон, ки дорам, душвор зинда монам,
Пеш ор лаб, к-аз ӯ ҳам гирам ба вом ниме.
Набвад зи ҳар лаби ту як бӯса ҳадди Ҷомӣ,
Як бӯса бас зи ҳар ду, аз ҳар кадом ниме.