Сақок аллаҳ, эй диёр, ки зи даври рӯзгор,
Сақок аллаҳ, эй диёр, ки зи даври рӯзгор,
Тиҳӣ мондаӣ зи ёр, ману ҷони беқарор
Ба гирди ту ашкбор, чи пинҳон чи ошкор,
Чу абре, ки дар баҳор кунад гиря дар чаман.
Ба ҳар манзилу мақом, ки он сарви хушхиром,
Ба ёрони ташна хуш ба ишрат гирифта ҷом,
В-аз он ҷоми шодком ба ҷойе ниҳода гом,
Бар он ҷой субҳу шом ниҳам рӯи хештан.
Дар ин дилкушо маҳал, чу фирдавси бебадал,
Зи даврони пурҳиял чу бинам басе халал,
Кунам то барад аҷал сари риштаи амал
Гаҳе нола бар талал, гаҳе гиря бар даҳан.
Ба ҳар ҷо ки дар замин шуд он ёри нозанин
Ба чашми мани ғамин, ки дорад ба теғи кин,
Ба ҷонам ғамаш камин, хасу хори он замин,
Беҳ аз сарву ёсамин, беҳ аз сунбулу саман.
Диле дорам, эй насим, зи ҳиҷрони ӯ ду ним,
Чу ҳар базмро надим туӣ бе ҳаросу бим,
Гузар кун бар он ҳарим, ки он маҳ бувад муқим,
Дар он равзаи наим бигӯ шарҳи ҳоли ман.
Чу он ёри дилгусил ба қатлам диҳад сиҷил,
В-аз он қатл тангдил ба рафтор муътадил,
Ба хокам расад хиҷил, ба ҷонаш кунам биҳил,
Зи шавқаш, чу гил зи гул, занам чок пираҳан.
Дар ин хиттаи хатар ҳазар, Ҷомиё, ҳазар,
Ки бо табъи нуктавар кунӣ даъвии ҳунар,
Ба каф набвадат чу зар, сухан гар шавад гуҳар,
Куҷо ёри симбар ниҳад гӯш бар сухан?