Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чун рухат бинам, сари хеш аз ҷафо пеш афканӣ,

Чун рухат бинам, сари хеш аз ҷафо пеш афканӣ, В-оташи маҳрумиям дар синаи реш афканӣ. Шаҳр пурғавғо шуд аз ту, кош чун оӣ бурун, Дафъи ғавғоро ниқобе бар рухи хеш афканӣ. Даст деҳ, то чинам озорат ба бӯс, эй ҷон, ки санг Бар мани девона аз тифлон ҳама беш афканӣ. Нест ҷуз хунрезиву ошиқкушӣ кеши туро, Дам ба дам тири дигар бар мо аз он кеш афканӣ. Мезанӣ қуръа пайи қатли рақибон, то ба кай Қуръаи давлат ба номи ҳар бадандеш афканӣ? Реши дил гар кард хона, чашм бар ҳам зан ба ноз, Дар дилам чок аз мижа беҳтар, ки аз пеш афканӣ.