Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Эй зи зулфат ҳамаро рутбаи соҳибҷоҳӣ

👁 0

Эй зи зулфат ҳамаро рутбаи соҳибҷоҳӣ В-эй зи меҳри ту расад хотами шоҳаншоҳӣ. Ҳама дар қабзаи тақдири ту чун золи забун, Зери девори қазоят Маҳу Меҳру моҳӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Моҳам агар аз ниқоб рафтӣ,

👁 0

Моҳам агар аз ниқоб рафтӣ, Тоб аз рухи офтоб рафтӣ. Дар кулбаи ман зи интизорӣ Дер омадиву шитоб рафтӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ғуборам дар ҳавоят мекунад шавқи парафшонӣ,

👁 0

Ғуборам дар ҳавоят мекунад шавқи парафшонӣ, Ки то молад ба хоки остонат лавҳи пешонӣ. Назад боли тапиш ҳангоми ҷон кандан шаҳиди ман, Кадомин теғи қотил рехт ху

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Зи дарди бекасӣ, эй нола, то кай беасар резӣ,

👁 2

Зи дарди бекасӣ, эй нола, то кай беасар резӣ, Чи бошад, хун шавӣ, бар доман аз мижгони тар резӣ. Бақои гулшани ҳастӣ надорад сарфа чандоне, Ки ҳамчун ғунча, то

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дили ман бар ту кабоб аст, ту худ медонӣ,

👁 0

Дили ман бар ту кабоб аст, ту худ медонӣ, Бар сари ман чи азоб аст, ту худ медонӣ. Ин ҳама об, ки аз дидаи ман мерезад, Менагӯйӣ, ки чӣ об аст, ту худ медонӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дилбаро, турраи мушкини ту сунбул ворӣ,

👁 0

Дилбаро, турраи мушкини ту сунбул ворӣ, Тарфи рӯйи ту чун ин боғчаи гул ворӣ. Нест кас, ҳалқаи гесӯи туро бишморад, Ки дар ӯ нест тараф давру тасалсул ворӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чаро, эй дил, висоли хубрӯён иқтизо кардӣ?

👁 0

Чаро, эй дил, висоли хубрӯён иқтизо кардӣ? Тамошоят чи шуд, худро ба меҳнат ошно кардӣ? Ба он нозукхаёлиҳо, ки будӣ дар мизоҷи ман, Ба як мӯе гаронӣ доштам, бар

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Аз шӯриши савдоят дар ҳар саре савдое,

👁 0

Аз шӯриши савдоят дар ҳар саре савдое, З-ошӯби хаёли ту дар ҳар лабе ғавғое. Аз тарзи хироми ту тӯфони бало пайдо, Дар баҳри тамошоят дар ҳар мижа дарёе.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чи бошад аз карам ҳоли мани бемор дарёбӣ,

👁 1

Чи бошад аз карам ҳоли мани бемор дарёбӣ, Илоҷи дардмандонро сазад ҳар бор дарёбӣ. Зи хӯю хислати неки ту доим ончунон зебад, Ки аҳволи дили бечорагон бисёр дар

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй ки бар хотири мо ҳеч мадоро накунӣ,

👁 0

Эй ки бар хотири мо ҳеч мадоро накунӣ, Умр бигзашту назар бар тарафи мо накунӣ. Ошиқон дар ғами ту ҳоли табоҳе доранд, Ту чаро пурсиши ин қавм тақозо накунӣ?

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чи маънибаландӣ, чи нозукадоӣ,

👁 0

Чи маънибаландӣ, чи нозукадоӣ, Ки лутфат чу маънист назри расоӣ. Қадат ҳамчу сарви баланд офарида, Рухатро чу хуршед дар рӯшноӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Доғам аз ғам, ки маро бар сари роҳе накушӣ,

👁 0

Доғам аз ғам, ки маро бар сари роҳе накушӣ, Ба гуноҳи назари карда паноҳӣ накушӣ. Бегунаҳ куштани ошиқ ба ту набвад айбе, Айб он аст, ки ошиқ ба гуноҳе накушӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Субҳи пириҳо дамиду рафт они зиндагӣ,

👁 1

Субҳи пириҳо дамиду рафт они зиндагӣ, Рехт анҷумпораҳои осмони зиндагӣ. Он замоне чашми хоболуди мо дар хоб буд, Бехабар бигзашт аз мо корвони зиндагӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ман кистам? Ба роҳат афтодае, бидонӣ,

👁 0

Ман кистам? Ба роҳат афтодае, бидонӣ, Чун ашк то ба поят маҳмилкаши равонӣ. Аз ранги рафтаи ман сози адам ҳувайдост, Девони эътиборам, гар нуктаам бихонӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чи шавад зи лутфи шоҳӣ назаре ба мо намоӣ,

👁 1

Чи шавад зи лутфи шоҳӣ назаре ба мо намоӣ, Ки зи ғам ба ҷон расидам, ту ҳанӯзам озмоӣ. Ба Худо, ки шармам ояд, чу туро хитоб созам, Ки забон ба ҳарф лағзад, чу

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ба дил то кай зи меҳрам кина дорӣ,

👁 1

Ба дил то кай зи меҳрам кина дорӣ, Бадар кун, он чи андар сина дорӣ. Зи дардат пеши кас ҳаргиз нанолам, Ки аҳде инчунин пешина дорӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Намегӯям туро, бар ман нигаҳ бисёр шойистӣ,

👁 0

Намегӯям туро, бар ман нигаҳ бисёр шойистӣ, Вале ҷавру ҷафои ту на ин миқдор шойистӣ. Набошад гарчи ошиқро халос аз хориву зорӣ, Чу дорад нисбати ишқат, на хору

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ҳамон рӯзе, ки бастам бо ту аҳди орзумандӣ,

👁 0

Ҳамон рӯзе, ки бастам бо ту аҳди орзумандӣ, Тариқи бевафоӣ пеша кардӣ, аҳд баркандӣ. Чи дорад чашми махмурат, зи мастӣ худписанд омад, Ки риндонро ба ҷуз мастӣ

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Гар кунад нусхае аз хатти сиёҳат Монӣ,

👁 0

Гар кунад нусхае аз хатти сиёҳат Монӣ, Боядаш хома бувад аз қалами райҳонӣ. Чи ба ҳам руста, бирезад зи бари пушти лабат, Чи накӯ забт шуда бо қалами субҳонӣ.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Баски чун ман алам аз ҷаври замон дорад кӯҳ,

👁 0

Баски чун ман алам аз ҷаври замон дорад кӯҳ, Аз садо нолае бар гӯши касон дорад кӯҳ. Гӯиё ҳамчу ман аз ҳаҷри ту дил сӯзон аст, Ки шарар бар ҷигари доғ ниҳон дор

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дар чаман то омад он нозукниҳол ороста,

👁 2

Дар чаман то омад он нозукниҳол ороста, Сарву ножу шуд ба таълими камол ороста. Меҳру моҳе барнаояд холӣ аз нуқсу завол, Ғайри моҳи ман, ки бе нуқсу завол орост

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чун садо ҳамраҳи ман нолакунон гардад кӯҳ,

👁 0

Чун садо ҳамраҳи ман нолакунон гардад кӯҳ, Аз таби синаи ман барқфишон гардад кӯҳ. Шунавад гар нафасе ҳасрати бетобии ман, Ҳамчунон лӯлаи симоб тапон гардад кӯҳ

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

То аз рухи ту бар дилам имдод расида,

👁 0

То аз рухи ту бар дилам имдод расида, Бо ҳар тараф аз нолаи ӯ дод расида. Ҳар ҷо ки зи нақши қадами туст нишоне, Бар ҷабҳаи ман тинати эҷод расида.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дорӣ чу ба мо итоб, тавба,

👁 0

Дорӣ чу ба мо итоб, тавба, З-ин дилшуда рух матоб, тавба. Тақсир чу беш кардам аз ҳад, Дар пеши ту беҳисоб тавба.

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Зи шикастагон ҳазар кун, макун ин ҷафо ҳамора,

👁 0

Зи шикастагон ҳазар кун, макун ин ҷафо ҳамора, Ки зи оҳи дардмандон шавад об санги хора. Зи назар чи дур гардӣ, ба хаёлам он намояд, Ки бурун рафта ҷонам зи бад

Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ
Саҳифаи 1 аз 10