Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Доғам аз ғам, ки маро бар сари роҳе накушӣ,

Доғам аз ғам, ки маро бар сари роҳе накушӣ, Ба гуноҳи назари карда паноҳӣ накушӣ. Бегунаҳ куштани ошиқ ба ту набвад айбе, Айб он аст, ки ошиқ ба гуноҳе накушӣ. Тирабахт он ки ба як мӯй нагирӣ дар банд, Сахтҷон он ки ба як нимнигоҳе накушӣ. Бувад он рӯз туро шуҳрату овоза баланд, Ки ба узри гунаҳ оварда паноҳӣ накушӣ. Ошиқи рӯйи туро ҳеч даме мурдан нест, Мурдан он аст, ки бо тири нигоҳе накушӣ. Чи сабаб хуни касон бар ту мубоҳ афтода, Ки набахшӣ гунаҳе, то ки гувоҳе накушӣ. Ҳоҷиро, албатта, он рӯз пазирӣ ба қабул, Ки рақиби табаҳи рӯйсиёҳе накушӣ.