Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чи маънибаландӣ, чи нозукадоӣ,

Чи маънибаландӣ, чи нозукадоӣ, Ки лутфат чу маънист назри расоӣ. Қадат ҳамчу сарви баланд офарида, Рухатро чу хуршед дар рӯшноӣ. Дар ин гулситон ғайри ибрат набошад, Хиҷолат зи наргис чаро н-озмоӣ? Қиёмат чунон фурсатеро нахоҳад, Ки як мижжаеро зи ҳам баркушоӣ. Чу шамъ аз баландӣ ба пастӣ расидам, Кашидам чу най зиллати бӯрёӣ. Ғамат хонаи дил гирифта-ст маҳкам, Аз он рӯ ба ғамхона ҳаргиз наёӣ. Ба ғайри фитодан нашуд дастгирам, Чу ашкам ба раҳ хиҷлати беасоӣ. Чу гавҳар ба зулматгаҳи об хуфтам, Шараф ёфт рангам зи саброзмоӣ. Аз ин домгоҳи балохез, Ҳоҷӣ, Бувад то нафас, нест бар кас раҳоӣ.