Эй ки бар хотири мо ҳеч мадоро накунӣ,
Эй ки бар хотири мо ҳеч мадоро накунӣ,
Умр бигзашту назар бар тарафи мо накунӣ.
Ошиқон дар ғами ту ҳоли табоҳе доранд,
Ту чаро пурсиши ин қавм тақозо накунӣ?
Бари як хандаи ту хотири мо ранҷур аст,
Чи табибӣ, ки бар ин дард мудово накунӣ.
Оби чашмам, ки чу Ҷайҳун ба раҳат мерезад,
Гузаре бар лаби ин чашма тифоқо накунӣ.
Ҳамчунон лоласитонҳо дили мо пурхун аст,
Ба чунин лоласитон сайру тамошо накунӣ.
Эй фалак, рӯзу шабон баҳри чӣ саргардонӣ?
Ки сукун як нафасе аз пайи дунё накунӣ.
Ҳоҷӣ, чун шеваи хубони ҷаҳон бемеҳрист,
Ба ғалат меҳр аз ин ҷумла таманно накунӣ.