Чи бошад аз карам ҳоли мани бемор дарёбӣ,
Чи бошад аз карам ҳоли мани бемор дарёбӣ,
Илоҷи дардмандонро сазад ҳар бор дарёбӣ.
Зи хӯю хислати неки ту доим ончунон зебад,
Ки аҳволи дили бечорагон бисёр дарёбӣ.
Ту болотар зи хуршедиву ман аз зарра поёнтар,
Умедам ҳар даме дар партави анвор дарёбӣ.
Ба чашми ғафлатогин ҳусни он дилдор натвон дид,
Агар ёбӣ варо, аз дидаи бедор дарёбӣ.
Ту ҳам рӯзе чу ман бо кулфати ҳиҷрон сабре кун,
Ки то қадри дили бишкастаи афгор дарёбӣ.
Ба сӯзи бедилони худ ҳазорон офарин созӣ,
Агар худ ҳам асар з-он оташи рухсор дарёбӣ.
Чу товуси чаман, эй дил, саропо доғ мегардӣ,
Агар як лаҳзаи он шӯхии рафтор дарёбӣ.
Ҳазар аз дахли беҷо дар каломи хурдабинон кун,
Мабодо хиҷлате аз табъи ноҳамвор дарёбӣ.
Шикоят аз замону шиква аз бахти забун то кай,
Ки неку бад ҳама аз кардаи атвор дарёбӣ.
Ҳама аз кулфати аздод, Ҳоҷӣ, некувон ҳастанд,
Гуле бехор агар ёбӣ, на з-ин гулзор дарёбӣ.