Аз шӯриши савдоят дар ҳар саре савдое,
Аз шӯриши савдоят дар ҳар саре савдое,
З-ошӯби хаёли ту дар ҳар лабе ғавғое.
Аз тарзи хироми ту тӯфони бало пайдо,
Дар баҳри тамошоят дар ҳар мижа дарёе.
Ҳоли дилу кори ман бар ҳам заду расво шуд,
Аз зулфи парешоне, аз софии симое.
Аз тарси фиғони худ дар кӯҳу биёбонам,
То бад нарасад бар ту аз нолаи ман, вое.
Аҳволи дили зорам, он к-ӯ нигарад, донад
Чашмони пур аз нозе, зулфайни сумансое.
Бе рӯйи туам ҷаннат гӯё ки ҳамемонад
Ваҳшаткада маъвое, офатзада саҳрое.
Аз гармии рухсорат дар дидаи ман мардум
То вораҳад аз шӯриш, биншаста ба дарёе.
Пайғоми туро овард боди саҳарӣ рӯзе:
Бар мурдадилон бахшид анфоси Масеҳое.
Бояд, ки расад, эй маҳ, ҳар дам ба сари Ҳоҷӣ,
Афтода ба кӯйи туст беминнату маъвое.