Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чаро, эй дил, висоли хубрӯён иқтизо кардӣ?

Чаро, эй дил, висоли хубрӯён иқтизо кардӣ? Тамошоят чи шуд, худро ба меҳнат ошно кардӣ? Ба он нозукхаёлиҳо, ки будӣ дар мизоҷи ман, Ба як мӯе гаронӣ доштам, бар ман чиҳо кардӣ? Зи таҷриди хаёлам сарв кардӣ доми озодӣ, Ба таклифи машоқӣ бори ғам бар ман чаро кардӣ? Нафас чун теша барҳам зад бинои бесутуни ман, Чу Фарҳодам ба Ширин ваъдаҳо охир фано кардӣ. Шавад рашки Бадахшон санг, агар бинад сиришки ман, Хиҷолат аз арақҳои ҷабинам қаҳрабо кардӣ. Дар ин гулшан зи ифлосист ному расми озодӣ, Чи мешуд тоҷи зар наргис зи дӯши хеш во кардӣ? Тариқи ҳақшиносиҳо набудӣ он қадар мушкил, Ғубори мосаво аз чашми ибрат гар саво кардӣ. Чу нолам аз абад бе ихтиёри ранҷу оромӣ, Ки аз аҳди аластам бахти бад рӯ бар бало кардӣ. Чу шамъ аз ростӣ андар вуҷуди худ задам оташ, Аз он парвона хокамро ба мижгон тӯтиё кардӣ. Тағофулҳои гардун мекунад ночор мамнунам, Вагарна қомати мо ҳам чу дӯши худ дуто кардӣ. Аз ин афсонаҳои беасар, Ҳоҷӣ, чи мехоҳӣ? Ки аз нанги шунудан заҳмате бар гӯшҳо кардӣ.