Дилбаро, турраи мушкини ту сунбул ворӣ,
Дилбаро, турраи мушкини ту сунбул ворӣ,
Тарфи рӯйи ту чун ин боғчаи гул ворӣ.
Нест кас, ҳалқаи гесӯи туро бишморад,
Ки дар ӯ нест тараф давру тасалсул ворӣ.
Ту зи май оташи рухсора барафрӯз чу гул,
Нола созам мани бедилшуда, булбул ворӣ.
Ихтиёре набувад ишқи ту бар дилшудагон,
Баста карда ҳамаро турраи ту ғул ворӣ.
Чу гадоён ба дарат нолакунон меоям,
Ту напурсӣ ғами мо, аҳли таҳаммул ворӣ.
Чи фусун хондаӣ, ки ҷумла касон мегарданд,
Зи ақиби ту парешон шуда кокул ворӣ.
Пеши лаъли ту табарзад чу табархун гардад,
Нармии ғабғаби ту меваи дунбул ворӣ.
Зоҳири ҳоли ман аз ишқи ту саргардонист,
Ба таҳайюр зи паят ошиқи бепул ворӣ.
Нест бар ғамзадагон, Ҳоҷӣ, дар ин роҳ касе,
Дастгире ба ҷуз аз файзи таваккул ворӣ.