Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дили ман бар ту кабоб аст, ту худ медонӣ,

Дили ман бар ту кабоб аст, ту худ медонӣ, Бар сари ман чи азоб аст, ту худ медонӣ. Ин ҳама об, ки аз дидаи ман мерезад, Менагӯйӣ, ки чӣ об аст, ту худ медонӣ. Арзи аҳволи дили ғамзада гуфтам, гуфтӣ: Ба суолаш чи ҷавоб аст, ту худ медонӣ. Пурсиши мардуми афтодаи бемори асир, Хислати неку савоб аст, ту худ медонӣ. Фасли гул мегузарад, соқии гулчеҳра, биё, Бода паймо, ки савоб аст, ту худ медонӣ. Муғтанам фурсати умр аст, дар ӯ шодӣ беҳ, Чу шарар зудшитоб аст, ту худ медонӣ. Ҳар чи пешомадаро муфту ғанимат машмар, Ки ҳама бар ту ҳисоб аст, ту худ медонӣ. Ба ҷаҳони ману ту тарҳи иқомат дорем, Чу биёбони сароб аст, ту худ медонӣ. Зиндагонӣ чи қадар нашъаи ғафлат дорад, Магар ин олами об аст, ту худ медонӣ. Ҳоҷӣ бо қомати хам ҷойи дигар чун биравад? Ҳалқаи ин дару боб аст, ту худ медонӣ.