Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Зи дарди бекасӣ, эй нола, то кай беасар резӣ,

Зи дарди бекасӣ, эй нола, то кай беасар резӣ, Чи бошад, хун шавӣ, бар доман аз мижгони тар резӣ. Бақои гулшани ҳастӣ надорад сарфа чандоне, Ки ҳамчун ғунча, то лаб во кунӣ, хуни ҷигар резӣ… Агар тоҷи сари фағфуру аз қайсар камар гирӣ, Чу Ҷам рӯзе ба дасти Сом он теғу камар резӣ. Зи ғафлатозмоиҳо нашуд роҳи касе равшан, Шабошаб ҳамчу шабнам хез, то файзи саҳар резӣ. На бар ҷоҳат сукуну музтариб аз фақр мегардӣ, Чу симоб ин қадар бар ҳар куҷо бе пову сар резӣ. Ҳанӯзат роҳи парвоз аст, кун тамҳиди озодӣ, На он мурғӣ, ки дар қайди тааллуқ болу пар резӣ. Нашуд дар пеши чашмат сарҳади роҳи фано равшан, Ғуборат то ба санг ояд, ки ҳамроҳи шарар резӣ. Зи зуҳду хушки зоҳид маъние ҳосил намегардад, Магар бар ин ҳаюло сурату ранги дигар резӣ. Макун, Ҳоҷӣ, таманнои висоли гулрухон ҳаргиз, Мабод аз нола ҳамчун булбулон сӯзи ҷигар резӣ.