Ғуборам дар ҳавоят мекунад шавқи парафшонӣ,
Ғуборам дар ҳавоят мекунад шавқи парафшонӣ,
Ки то молад ба хоки остонат лавҳи пешонӣ.
Назад боли тапиш ҳангоми ҷон кандан шаҳиди ман,
Кадомин теғи қотил рехт хунамро ба осонӣ?
Димоғи сарбаландӣ сифлагонро офат ангезад,
Ғубор аз осмон гарде надорад ҷуз парешонӣ.
Зи лаззатҳои дунё андаке қатъи таманно кун,
Намолӣ чун магас бар ҳамдигар даст аз пушаймонӣ.
Ҷаҳонеро димоғи ҳарзагӯйӣ мунфаил дорад.
Забони лоф кӯтаҳ кун зи ҳар чи карда натвонӣ.
Назокатҳои ҳуснат аз саводи хат ҳувайдо шуд,
Физояд нури маҳ, ҳар гаҳ фитад дар шоми зулмонӣ.
Агар хоҳӣ, ки нури дидаи аҳли назар бошӣ,
Чу шамъ аз хештан бигзар, шавӣ то шахси нуронӣ.
Зи кирдори ҳавоӣ ҳамчун шабнам об гардидам,
Чи мешуд, Ҳоҷӣ, оҳе мезадӣ чун субҳ пинҳонӣ.