Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Моҳам агар аз ниқоб рафтӣ,

Моҳам агар аз ниқоб рафтӣ, Тоб аз рухи офтоб рафтӣ. Дар кулбаи ман зи интизорӣ Дер омадиву шитоб рафтӣ. Дар дидаи ман чу мардумонӣ, Бедору агар ба хоб рафтӣ. Аз мастии чашми нимахобат Ақл аз сари шайху шоб рафтӣ. Гардад чу сароб хушку бе нам, Гар ҳарфи лабам ба об рафтӣ. Рӯ аз раҳи дигарон натобӣ В-аз мо ҳама рӯйтоб рафтӣ. Эй умри гиромӣ, аз пайи ӯ Занҷир ба по, чу об рафтӣ. Ҳоҷӣ, чу ҳилол бо қадди хам, Рафтӣ, зи думи шабоб рафтӣ.