Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй зи зулфат ҳамаро рутбаи соҳибҷоҳӣ

Эй зи зулфат ҳамаро рутбаи соҳибҷоҳӣ В-эй зи меҳри ту расад хотами шоҳаншоҳӣ. Ҳама дар қабзаи тақдири ту чун золи забун, Зери девори қазоят Маҳу Меҳру моҳӣ. Кист дар мулки ту барге бибарад аз шохе, Панҷаашро надиҳад теғи адаб кӯтоҳӣ? Шаҳсаворон ба дарат тавқи ғуломӣ доранд, Моликулмулки ҳақиқӣ, ба ҳақиқат шоҳӣ. Заррае нест, ки дар илми ту пӯшида бувад, Бар замири ҳама кас ҳамчу алан огоҳӣ. Кардам аз ваҳму хаёлат сухани нобе чанд, Ҳама чун тори анокиб зи луоби доҳӣ. Напазирӣ ба қабулам, нашавӣ ҳамроҳам, Кӣ қабулам бинамояд, ки кунад ҳамроҳӣ? Ҳуҷҷати афву қабуле бинамо девонам, Гарчи бошад рақами Ҳоҷиву килки соҳӣ. Таҳияи Хайрулло Табаров