Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Субҳи пириҳо дамиду рафт они зиндагӣ,

Субҳи пириҳо дамиду рафт они зиндагӣ, Рехт анҷумпораҳои осмони зиндагӣ. Он замоне чашми хоболуди мо дар хоб буд, Бехабар бигзашт аз мо корвони зиндагӣ. Тозагиҳои хаёлам аз гули рухсори туст, Бе ту рангу бӯ надорад гулситони зиндагӣ. Қомат аз бори надоматҳои даврон зад ба хок, Дар замин афтод нахли бӯстони зиндагӣ. Ҳеч касро пешаи ғафлат ба огоҳӣ нарафт, Ҳар қадар рафтанд пайҳам ҳамраҳони зиндагӣ. Дар талоши ину он фурсат ба нокомӣ гузашт, Ҳеч як охир наёмад посбони зиндагӣ. Саъйи мо чун соя дар пойи касон беҳосил аст, Ҷуз надомат барнадорад нотавони зиндагӣ. Шӯриши захм аз дами шамшер, медонӣ, чарост? Қатъи васлат мекунад аз дӯстони зиндагӣ. Ҳамчу шамъам мурдатабъиҳои даврон доғ кард, К-аз чи рӯ шахсе набошад қадрдони зиндагӣ. Ҳоҷӣ, ин ҷо чанд биншинем, вақти реҳлат аст, Як ду рӯзе буд, шуд охир замони зиндагонӣ.