Ман кистам? Ба роҳат афтодае, бидонӣ,
Ман кистам? Ба роҳат афтодае, бидонӣ,
Чун ашк то ба поят маҳмилкаши равонӣ.
Аз ранги рафтаи ман сози адам ҳувайдост,
Девони эътиборам, гар нуктаам бихонӣ.
Бегонаи хирадро сози адаб кадом аст?
Дар наъра хар надонад бар гӯшҳо гаронӣ.
Ба хоки остонат то саҷдае намоям,
Ҳамчун ҳилол қомат хам гашт дар ҷавонӣ.
Пажмурда то насозӣ гулзори эътиборат,
Дасти тамаъ ҷудо кун аз ҳар чи метавонӣ.
Мушкил бувад раҳоӣ з-офоти ин замона,
Дар коми аждаҳоям доданд зиндагонӣ.
Дар пеши кӣ тавонам оғози шиква кардан?
Бечорае шаҳидам аз ханҷари ниҳонӣ.
Эй бехабар нишаста, сомони роҳ баргир,
Рафтанд ҳамнишинон, дигар кӣ мерасонӣ?
Чун лолаам дар ин боғ бо хуни дил нишаста,
То қатрае чу шабнам бар доғи ман чаконӣ.
Ҳоҷӣ, паёми аҷзам то рутбае биёбад,
Бо оҳу нола рафтам ҳангоми арзахонӣ.