Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чи шавад зи лутфи шоҳӣ назаре ба мо намоӣ,

Чи шавад зи лутфи шоҳӣ назаре ба мо намоӣ, Ки зи ғам ба ҷон расидам, ту ҳанӯзам озмоӣ. Ба Худо, ки шармам ояд, чу туро хитоб созам, Ки забон ба ҳарф лағзад, чу ту дар сухан дароӣ. Ҳама умр тай намудам, нафасам ба охир омад, Ба дами видои рӯҳам, чи шавад, агар биёӣ. На баҳору лола ҷӯям, на маю пиёла гӯям, Ба шикасти орзуям нафасе ба ҷилва оӣ. Ба раҳ ончунон нишастам, ки намонд интизорӣ, Ба куҷо паём созам, ба кӣ рози ошноӣ. Ману оламе гуноҳам, чи забони ғадрхоҳам, Ба карам диҳӣ паноҳам, ки ту меҳрубони моӣ. Аҷаб аз хаёли хубон, ки раҳи вафо надонанд, Магар аз ту пеша карданд раҳу расми бевафоӣ. Ҳама хиҷлатам, ки дорам ҳама субҳ боданӯшӣ, Ба чи номи тавба гирам, ба чӣ роҳи порсоӣ? Бикушой шасти мижгон ба фидои ҷони Ҳоҷӣ, Ба касе дият нахоҳад зи кушандаи фидоӣ.