Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ба дил то кай зи меҳрам кина дорӣ,

Ба дил то кай зи меҳрам кина дорӣ, Бадар кун, он чи андар сина дорӣ. Зи дардат пеши кас ҳаргиз нанолам, Ки аҳде инчунин пешина дорӣ. Бимурдам дар ғамат, асло нагуфтӣ, Ки хотир аз чи рӯ ғамгина дорӣ. Ба ҷумъа ваъдаи озодиям буд, Ба шанбе ваъда дар одина дорӣ. Закоти ҳусн бар мо, муфлисон деҳ, Чу аз ин мол дар ганҷина дорӣ. Насиҳат бар ту чун душвор омад, Магар бар ҳақнамоён кина дорӣ. Ба риндон гоҳ-гоҳе чеҳра бинмо, Агарчи рашк ҳам з-ойина дорӣ. Ало, соқӣ, хумор аз мо бадар кун, Агар дар хум майи порина дорӣ. Димоғи саркашӣ аз сар бияндоз, Агар бар осмонҳо зина дорӣ. Бувад, гӯйӣ, ки Ҳоҷӣ, шав қаринам, Ки ҳаққи хидмати дерина дорӣ.