Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Намегӯям туро, бар ман нигаҳ бисёр шойистӣ,

Намегӯям туро, бар ман нигаҳ бисёр шойистӣ, Вале ҷавру ҷафои ту на ин миқдор шойистӣ. Набошад гарчи ошиқро халос аз хориву зорӣ, Чу дорад нисбати ишқат, на хору зор шойистӣ. Барои як нигоҳат рафт аз ҳад интизори ман, Тағофулҳои ту бо мо на чандин бор шойистӣ. Агар аз лаъли ширинат хабар меёфтӣ Фарҳод, Пушаймон аз лаби Ширини худ сад бор шойистӣ. Шавад то пеши ту ҳоли ин дили пурдоғи ман равшан, Чу шамъ аз дидаи ман ашки оташбор шойистӣ. Ҳамеша мурғи дил дорад таманнои пару боле, Ки аз худ рафтанаш андар ҳавои ёр шойистӣ. Чу шабнам то саҳар бояд нишастан интизор аз ман, Вафо аз ту чу хур дар ваъдаи дидор шойистӣ. Дили бемори ман ҷӯяд даво аз чашми беморат, Аҷаб сирре, даво беморро бемор шойистӣ. Ҷафоҳои туро пӯшидаву инкор месозам, Вале гоҳе туро бар сабри ман иқрор шойистӣ. Туро бар ҳоли Ҳоҷӣ ҳар даме бояд назар кардан, Варо андар бақои ту дуо ҳар бор шойистӣ.