Ҳамон рӯзе, ки бастам бо ту аҳди орзумандӣ,
Ҳамон рӯзе, ки бастам бо ту аҳди орзумандӣ,
Тариқи бевафоӣ пеша кардӣ, аҳд баркандӣ.
Чи дорад чашми махмурат, зи мастӣ худписанд омад,
Ки риндонро ба ҷуз мастӣ ба коре ҳеч напсандӣ.
Яқин медон, насиҳатро набошад суд бар ошиқ,
Бувад бар бедилон душвор таълими хирадмандӣ.
Ҳама ширинлиқоёнро ба чашми имтиҳон дидам,
Миёни он ҳама ширинлиқоиву шакархандӣ.
Хиҷолат мекашад наргис зи чашми пурхумори ту,
Бувад дар инфиол аз ғабғаби себи самарқандӣ.
Чи созам, гар набандам дил ба доми ҳалқаи зулфат,
Чу Юсуф модари айёмро сар карда фарзандӣ.
Аз ин хуштар чи бошад дар тариқи ишқбозиҳо,
Ки ман чун шамъ мегирям, ту ҳамчун субҳ механдӣ.
Ҳадисе аз ману ту ҳолати Фарҳоду Ширин аст,
Ки ман ҷон меканам дар кӯҳу ту бо ғайр пайвандӣ.
Назебад панҷаи тори туро ранги ҳино бастан,
Зи хуни ошиқон ҳар субҳ метобад ҳинобандӣ.
Агар, Ҳоҷӣ, муқими Каъбаи он меҳрубон гардӣ,
Ҳусули муддао кардиву таҳсили барӯмандӣ.