Гар кунад нусхае аз хатти сиёҳат Монӣ,
Гар кунад нусхае аз хатти сиёҳат Монӣ,
Боядаш хома бувад аз қалами райҳонӣ.
Чи ба ҳам руста, бирезад зи бари пушти лабат,
Чи накӯ забт шуда бо қалами субҳонӣ.
Рӯ намудӣ ба чаман, зуд гузаштӣ, ки шуда
Лола пурдоғу ба хун савсани кӯҳистонӣ.
Ба ҳарифон ҳама шаб бода кунӣ нӯш чаро,
Ба ғалат ҳам зи кафи мо қадаҳе настонӣ?
Нақди дилро зи мани зор ба яғмо бурдӣ,
Ба гадо ҳам накунад шафқате туркистонӣ.
Нашунидӣ магар инро, ки нагиранд хироҷ
Зи фақирон ба ҳадису хабари фурқонӣ.
Масали рӯйи туро моҳ, шунидам, гуфтанд,
Чу бидидам, ки накӯ аз маҳу хур чандонӣ.
Нотавонӣ ба хаёлат чи писанд афтода,
Дили афтодаи моро мададе натвонӣ.
Туву то кай ба тағофул гузарӣ аз бари мо,
Ману то кай ба роҳат нолаву ашкафшонӣ.
Ҳоҷиё, қатъи тамаъ кун, ки накӯён доранд
Шеваи сахтдилӣ, пешаи дилранҷонӣ.