Баски чун ман алам аз ҷаври замон дорад кӯҳ,
Баски чун ман алам аз ҷаври замон дорад кӯҳ,
Аз садо нолае бар гӯши касон дорад кӯҳ.
Гӯиё ҳамчу ман аз ҳаҷри ту дил сӯзон аст,
Ки шарар бар ҷигари доғ ниҳон дорад кӯҳ.
Чи натарсӣ, ки зи тарси гунаҳи нокарда
Зи дусад чашмаи рух сели равон дорад кӯҳ.
Ҷуз хамӯшӣ набувад сурфаи осудадилӣ,
Сози тамкин ҳама аз ҳифзи забон дорад кӯҳ.
Ҷониби гӯшанишинон бари ибрат бингар,
Ки аз ин шева баландӣ ба чи сон дорад кӯҳ.
Нест дар ҷабҳаи шуҳрат асари дилгармӣ,
В-арна аз барф чи дастори калон дорад кӯҳ…
Ҳоҷӣ, аз пешаи сабр аст мақомоти баланд,
З-ин адо шуҳрати рафъат ба ҷаҳон дорад кӯҳ.