Дар чаман то омад он нозукниҳол ороста,
Дар чаман то омад он нозукниҳол ороста,
Сарву ножу шуд ба таълими камол ороста.
Меҳру моҳе барнаояд холӣ аз нуқсу завол,
Ғайри моҳи ман, ки бе нуқсу завол ороста.
Ҷуз хиҷолат нест бар шахсе, ки аз айни ҳасад
Айб ҷӯяд бар ҷамоле зулҷалол ороста.
Нофа хун гардад зи рашку хун хӯрад мушки татор,
Гар равад бо накҳати зулфаш шамол ороста.
Баски шуд беқадр колои ҳунар дар ин замон,
Менамояд чун гуҳар санги сафол ороста.
Осмон дорад магар бар диди абрӯят хаёл,
Нохуне болои мижгон аз ҳилол ороста.
Ҳоҷӣ, моро буд хотир бе гули рӯяш малол,
Шукри Оллоҳ, омад имшаб он ҷамол ороста.