Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чун садо ҳамраҳи ман нолакунон гардад кӯҳ,

Чун садо ҳамраҳи ман нолакунон гардад кӯҳ, Аз таби синаи ман барқфишон гардад кӯҳ. Шунавад гар нафасе ҳасрати бетобии ман, Ҳамчунон лӯлаи симоб тапон гардад кӯҳ. Магар аз қиссаи навмедии Фарҳод шунид, Бесутунвор ҳама оҳу фиғон гардад кӯҳ. Бинишинам бари худ, нолаву фарёд кунам, Ки чу ашк аз ғами ман оби равон гардад кӯҳ. Гар ҳама шеваи тамкини ҷаҳон ин бошад, Доман олуда ба хун то ба миён гардад кӯҳ. Асари ишқи ту бар санг магар карда гузар, Ки зи сомони шарар сӯхтаҷон гардад кӯҳ. Ба ҳама сангдилӣ аз асари бетобӣ Ҷигари судае аз реги равон гардад кӯҳ. Ҳоҷӣ, то зиндагӣ дорем зи сангандозон, Он қадар ҳар даме ояд, ки ҳамон гардад кӯҳ.