Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

То аз рухи ту бар дилам имдод расида,

То аз рухи ту бар дилам имдод расида, Бо ҳар тараф аз нолаи ӯ дод расида. Ҳар ҷо ки зи нақши қадами туст нишоне, Бар ҷабҳаи ман тинати эҷод расида. Донам, ки дил аз тешаи ҷаври ту ҳалок аст, Меҳнат зи азал бар ману Фарҳод расида. Аз марҳамату лутфи ту кардам магар обод Бунёди вуҷудам, ҳама барбод расида. Он к-ӯ ба сари кӯи ту бигзашт ба шодӣ, Дидам, ки аз он бехуду ношод расида. Умеди халос аз сари зулфи ту муҳол аст, Чун мурғ, ки бар қабзаи сайёд расида. Ҳоҷӣ бувад аз мазҳаби ушшоқ касе дур, Аз гиряи ӯ таъна ба ҷаллод расида.