Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дорӣ чу ба мо итоб, тавба,

Дорӣ чу ба мо итоб, тавба, З-ин дилшуда рух матоб, тавба. Тақсир чу беш кардам аз ҳад, Дар пеши ту беҳисоб тавба. Умре ба раҳи ту васл ҷӯям, Шояд бирасам ба боб тавба. Чун тоҷи карам ба фарқ дорам, Аз парчами офтоб тавба. То дида ба дида чеҳраи ту, Аз дидани моҳтоб тавба. Бе меҳри ту шамъи ман нагирад, Махмураму аз шароб тавба. Бе накҳати зулфи анбаринат Аз бӯйи гулу гулоб тавба. Оташ ба рухам зи дида резад, З-ин оташи ранги об тавба. Аз маҳфили даҳр гӯша гирам, В-аз суҳбати шайху шоб тавба. Инсоф бидеҳ ту, муҳтасибо, То ман кунам аз чи боб тавба. Ҳоҷӣ, зи саводи он ду мисраъ Карда сабақу китоб тавба.