Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Зи шикастагон ҳазар кун, макун ин ҷафо ҳамора,

Зи шикастагон ҳазар кун, макун ин ҷафо ҳамора, Ки зи оҳи дардмандон шавад об санги хора. Зи назар чи дур гардӣ, ба хаёлам он намояд, Ки бурун рафта ҷонам зи бадан ҳазорбора. Маҳи ман агар ниҳӣ по зи даруни хона берун, Зи зуҳури фитна маҳшар бинамояд ошкора. Ба шаб ар бурун хиромӣ, зи баёзи гардани ту Зи қабои шаб бирезад ҳама тугмаи ситора. Дами об агар бихӯрдам ба хаёли дидани ту, Шуда хуни дил ба рӯям, зи ду дида зад фаввора. Ба ду дида сер натвон, ки рухат, нигор, бинам, Ҳама узв ҳамчу шабнам шавад аз пайи назора. Ба умеди бӯси поят ба раҳе ғубор гардам, Накунӣ гузар бар он раҳ, назанӣ қадам дубора. Шуда дидаҳо сафедам ба раҳат чу пири Канъон, Ба умеди он ки шояд ба сарам кунӣ гузора. Ҳама дам дар ин дуоям, ки рақиби бемурувват Ба ду дида неши афъӣ, ба гулӯ хӯрад канора. Зи висол умед баркан, бинамо шикеб, Ҳоҷӣ, Набувад ба дардмандон ба ҷуз ин, дигар чи чора.