Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Гар ба ин фурсат бичинад сози ҳастӣ дастгоҳ,

Гар ба ин фурсат бичинад сози ҳастӣ дастгоҳ, Чун ҳубоб аз як нафас хоҳад шуд ин гунбад табоҳ. Бӯсае кардам тамаъ, лаълаш ба хун олуда шуд, Нест бе арзи хиҷолат гуфтугӯи қарзхоҳ. Шевае дорад хамӯшӣ, ҳифзи чандин обрӯст, Ғунчаро як лаб гушудан мебарад аз сар кулоҳ. Наргису савсан ба истиқболи нозат мерасанд, Ба нигоҳи шармгину бо забони узрхоҳ. Қисмати ҳар кас ба қадри эътилои фитрат аст, Осмонро қурси гарми меҳр бошад зоди роҳ. Бетааммул шахси ҳастӣ бар сафар омода аст, Мижжа то во мешавад парвоз мегирад нигоҳ. Ҳар кӣ меояд дар ин ҷо, нест бе доғи диле, Бе кусуфу бе калаф ҳаргиз наёмад меҳру моҳ. Доғи ишқатро ба лавҳи сина чун пинҳон кунам? Мижжаи исфеду ашки дида мегардад гувоҳ. Ҳоҷӣ, бунёди ҷаҳон яксар тилисми ибрат аст, Ин варақ гоҳе сафеду гоҳ мегардад сиёҳ.