Мавсими навбаҳор шуд, он маҳи гулъизор ку?
Мавсими навбаҳор шуд, он маҳи гулъизор ку?
Ғунчаву гул қатор шуд, булбули дилфигор ку?
Боди сабоҳ мевазад аз тарафи диёр, лек
Ғолияи мурод не, муждаи он нигор ку?
Лолаи роғ ҳар саҳар доғи дилест дар назар,
Ғунчаву гул ҳамин асар дораду эътибор ку?
Маҷлиси айш дар куҷо, ҷоми шароб мар киро?
Табъи шукуфтаам кадом, хотири беғубор ку?
Нест таҳаммуле, ки ман то нигарам ба гулситон,
Ғунчаи дил ба хун шукуфт бар гулам ихтиёр ку?
Аз хаду қадди гулрухон чун гулу сарв рустаанд,
Нола кунад ҳазор аз он, қумрӣ ба шохсор ку?
Тарҳи вуҷуди мумкинот шеваи интиқол кард,
Хоки ба бод додаро дағдағаи қарор ку?
Золи сипеҳр мӯягар, ҷомаи таъзият ба бар,
Пардаи айшро асар бар сари ин мазор ку?
Бӯса кунам, агар ҳавас аз лабат, эй нигор, деҳ,
Дилшударо шикеб чӣ, тоқати истибор ку?
Нури нигоҳ, з-ин сипас бар сари дидагон нишин,
Мижжа сафед кардаам, муддати интизор ку?
Ҳодисаи замони дун як даме муҳлатам надод,
То ғами дил шумар кунам, фурсати бешумор ку?
Ҳоҷӣ, куҷост ҳамдаме сарфи суханварӣ кунам,
Ганҷи мақол доштам, гӯши суханқарор ку?