Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Чу хуршеди ҷаҳон шуд дар баландӣ эътибори ӯ,

Чу хуршеди ҷаҳон шуд дар баландӣ эътибори ӯ, Баромад қатраи маҳ аз хиҷолат доғдори ӯ. Кадомин номуродеро шаҳодат дар назар дорад, Ки турки масти ӯ хуфтаст ханҷар дар канори ӯ. Агар хоҳӣ асири ҷилваи бебоки ӯ гаштан, Чу шабнам соате биншин ба роҳи интизори ӯ. Хати пушти лабашро ғайр аз ин мазмун намебошад, Ки фасли ҳусн охир мешавад, бингар баҳори ӯ. Бисоти аҷз ороям, сари таслим бинмоям, Шавад то нестиҳоям уруҷи иқтидори ӯ. На танҳо ман шаҳиди ғамзаи хунрези ӯ гаштам, Ба ҳар ҷо куштае афканда чашми пурхумори ӯ. Чу сифрам, нест сомоне, ки худро дар шумор орам, Магар аз худ тиҳӣ гаштан бароям дар шумори ӯ. Зи истиғно наёмад бар сарам, то ҳоли дил гӯям, Чу гулшан дида пургул кардам андар интизори ӯ. Макун зоҳид зи тавфи Каъба дайри эҳтисоби ман, Парастиш мекунам ҳар ҷо, ки бинам ҷилвазори ӯ. Кафаш аз нозукӣ ранги ҳиноӣ бар намедорад, Магар аз хуни дил бандад, ки то гардад нигори ӯ. Агар бар хоки Ҳоҷӣ бигзарӣ, фасле тааммул кун, Ки бе файзе набошад тӯдаи хоки мазори ӯ.