Эй гул оғушта ба хун аз ғами раъноии ту,
Эй гул оғушта ба хун аз ғами раъноии ту,
Сунбул ошуфтаи он турраи савдоии ту.
Кист он к-ӯ ба ту як лаҳза мусоҳиб гардад,
Хуни дилро нахурад аз ғами танҳоии ту.
Ҳар куҷо замзамаи гуфту шунуди ту бувад,
Ҳар тараф ғулғулаи шӯхиву зебоии ту.
Сайри гулзору тамошои баҳорон чи кунам,
Ки бувад дидаи ман масти тамошоии ту.
Тарҳи бегонагӣ бо ёру рафиқон кардам,
Ба хаёли нафасе тарҳи шиносоии ту.
Шакари лаъли ту ҳар талхдаҳон кай донад,
То чи тӯтӣ накунад машқи шакархоии ту.
Аз таби шавқи ту ножу ба лаби ҷӯ рафта,
То ки шуд шуҳраи олам чаманороии ту.
Кӯҳу ҳомун ҳама овораи Маҷнун шудааст,
Чу баромад ба миён шуҳрати Лайлоии ту.
Ҳеч кас фикри вафои ту ба як бор накард,
Нест кас, ёд кунад ҳарфи дилосоии ту.
Ҳоҷиро чун нашавад хотири бечора ду ним,
Ба рақибон нигарад ҷилваи яктоии ту.