Ба ин сӯзе, ки дорад нолаи оташназири ман,
Ба ин сӯзе, ки дорад нолаи оташназири ман,
Шарар резад ба боми осмон барқи сафири ман.
Агар бар дида з-асрори тавозуъ сурма мехоҳӣ,
Бубин вазъи ҳилол аз қомати хамкарда пири ман.
Ҳазар, эй бемурувват, шишаи хотир чу бишкастӣ,
Хӯрӣ санги шикасте бар сар аз қалби касири ман.
Саводи умр тай кардам барои мӯйи исфеде,
Ки то дар зулмати нисён шавад хиҷлатпазири ман.
Ғурури саркашӣ то чанд аз роҳат барандозад,
Биё, тарзи адаб омӯз аз хоки ҳақири ман.
Надорад мушти хокам шеваи изҳори болидан,
Магар боди баҳорӣ сар кашад зери ҳасири ман.
Чу тифли ашк сомоне надорад ғайри маъюсӣ,
Нашуд як тори мӯ аз бекасиҳо дастгири ман.
Дар ин куҳсор чандоне нарафта дур нахчирам,
Вале аз каҷкамониҳо хато афтод тири ман.
Зи шӯхиҳои маънӣ сайри дилро метавон кардан,
Чу ҷайби субҳ бошад офтобе дар замири ман.
Ба зиндони алоиқ, Ҳоҷӣ, дасту пой дар бандам,
Ҳамеҷӯям халосу нест мухлис бар асири ман.