Айёми зиндагонист нақше ба об рафтан,
Айёми зиндагонист нақше ба об рафтан,
Чашме пуроб кардан, ҳамчу ҳубоб рафтан.
Таҳқиқи бесуботӣ дигар масал надорад:
Ҳамчун шарар дамидан, бо изтироб рафтан.
Аз қомати хамида меояд ин ишора,
Бигзаштааст ҷавонӣ, бояд шитоб рафтан.
Дар зери бори ҳастӣ ҷуз маҳмили нафас нест,
Дорад ҳаво саворӣ, бе иҷтиноб рафтан.
Дар арзи нотавонӣ андешаи бало нест
Бар соя нест биме аз рӯйи об рафтан.
Ҳангоми давлат омад, аздод дар муқобил,
Худ соя медамонад дар офтоб рафтан.
Зулмат ба табъи шоҳон бар оламе зиён аст,
Рӯзи сиёҳ орад хур дар саҳоб рафтан.
Оҳанги нотавонӣ з-ин тангно бибояд,
То ҳамчу нолаи най бе эҳтисоб рафтан.
Ҳоҷӣ, мадори ҳастӣ то бо адам ҳамин аст,
Як мижжа во намудан, чашме ба хоб рафтан.