Биё, эй равнақи гулзору гулшан,
Биё, эй равнақи гулзору гулшан,
Ки гул бе ту дарида ҷома бар тан.
Маҳ аз шарми ҷамолат доғдоре,
Хур аз тоби рухат як пора гулхан.
Ман аз ту ҳеч осонӣ надидам,
Ту, ҳар чи буд, осон бурдӣ аз ман.
Маро чун душманон пиндор кардӣ,
Надорӣ фарқ гӯё дӯсту душман.
Мусаллам бо ду зулфат дилрабоӣ,
Муҳаққақ бо ду чашмат фитна кардан.
Танат оё магар аз сими соф аст,
Дилат оё магар лахте зи оҳан?
Саропо сӯхтам бо гиря чун шамъ.
Нашуд доғи дили бечора равшан.
Зи оҳи оташини мо бипарҳез,
Бувад барқ офатангезони хирман.
Чу дилро дар шиканҷи зулф бастам,
То ӯро чун шиканҷи зулф машкан.
Агар дил бо касе дигар надорӣ,
Чаро майле надорӣ ҳеч бо ман?
Закоти ҳуснро бахшо ба Ҳоҷӣ,
Ба ғайри ӯ набошад сарфаш аҳсан.