Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ҳайф аст ба айби дигарон чашм кушудан,

Ҳайф аст ба айби дигарон чашм кушудан, Ойинасифат пеши касон соф намудан. Ҳар дона, ки киштем дар ин мазраи ҳирмон, Бе хӯша бишуд қобили як бор дурудан. Дардо, ки дил аз кулфати айём ба ғам буд, Сад гуна ситам кард ба ӯ майли фузудан. Ҷамъияти дил бурд зи мо ҳарзанигоҳӣ, Доғам, ки чаро мижжа нашуд сарфи ғунудан. Афъисифат аз заҳри забон бар дили мардум Зулм аст ситамномаи ташвиш кушудан. Моро ба хиҷолаткадаи олами идбор Монанди магас панҷа кушоданд ба судан. Пайдоии мо сурати аҷз аст чу абрӯ Ҳусн аст зи мо пайкари таслим намудан. Нософии дилро набувад ҳеч илоҷе, Аз санги сияҳ тирагӣ натвон бизудудан. Сармояи ҳастист видои нафасе чанд, Ҷое, ки туӣ, Ҳоҷӣ, мадон шеваи будан.