Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Мегузарӣ, ман зи пасат дар фиғон,

Мегузарӣ, ман зи пасат дар фиғон, Боз биё, ё бубарам дар инон. Доғ шудам аз ғаму бигдохтам, Ҳолати дилро ба чи созам аён? Кош дар ин базм бисӯзам чу шамъ, Ашкфишон сар ба қадам як замон. Нест касе дар мадади ҳеч кас, Аз чи кунам шиква ба гӯши гарон. Ҳасрати дидор аз он бартар аст, Бар қалами сурх намоям баён. Боз шавад ғоибу ҷоне расад Аз караму миннати ғоибрасон. Аз асари хиҷлати дидори ту Ойина пӯшад ба худ ойинадон. Ҳамчу найам нест маҷоли сухан, То ки нагардад дигарам тарҷумон. Боди сабо бо сари зулфат гузашт, Чок бизан дар бари гул парниён. Ҳоҷӣ, чи умед ба он зиндагист, Тарки аҷал меравадаш ҳаминон.