Моро чу ғубор аз раҳи дилдор талаб кун,
Моро чу ғубор аз раҳи дилдор талаб кун,
Чун ашки равон аз қадами ёр талаб кун.
Аз шӯриши дил боди самум аст нафасҳо,
Эй барқи дамон, шуъла аз ин дор талаб кун.
Бар сози иқомат асари ҷилваи мо рафт,
Ашкему зи мо лағзиши ҳамвор талаб кун.
Чун ҷавҳари обему ҷунун раҳзани мо нест,
Дар сурати мо маънии ҳушёр талаб кун.
Натвон ба яке дам зи ҳама кор буридан,
Ойинабурӣ аз дами миншор талаб кун.
Бе касби тавозуъ натавон фарҳати айём,
Аз вазъи ҳилоле ҳама ин кор талаб кун.
Чун абри ҳамал дар ғами ӯ дида пуробем,
Эй баҳр, зи мо гавҳари шаҳвор талаб кун.
Оҳи дили мо, Ҳоҷӣ, наяфтод асарманд,
Дигар мадад аз дидаи хунбор талаб кун.