Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Лаби ҷӯеву пойи сарв ҳангоми баҳор аҳсан,

Лаби ҷӯеву пойи сарв ҳангоми баҳор аҳсан, Маю чангу ғазалхониву шӯхи гулъизор аҳсан. Муборак давлати шоҳӣ бувад, фархунда иқболе, Ки ояд нимашаб шангули шанге дар канор аҳсан. Агарчи меҳру маҳ дар шуҳрати хубӣ масал бошанд, Ҳама ҳангом тақбил менамояд ҳусни ёр аҳсан. Шаби маҳтобу айёми шабобу шоҳиду ҷоме, Ба доди хушдилӣ биштоб, муфт аст ин чаҳор аҳсан. Арӯси фикрро сад гунае зевар аз он бандам, Ки шояд шоҳбайтеро бихонад он нигор аҳсан. Зи эъҷози хиҷолат шуҳрати кокул баланд омад, Намояд дар кафи Ҳайдар шуои Зулфиқор аҳсан. Ба ғафлат то ба кай, Ҳоҷӣ, чунин дар парда гумномӣ, Ба як мижгон кушудан хештан кун иштиҳор, аҳсан.