Агар хоҳӣ фароғат аз ҷаҳон, қатъи тамошо кун,
Агар хоҳӣ фароғат аз ҷаҳон, қатъи тамошо кун,
Ба як сози тағофул дарди сар аз хештан во кун.
Чи суратҳо, ки дорад дар назар ваҳму хаёли ту,
Тилисми ҳайрат аст ин ҷо, дигар ойина иншо кун.
Чу ашк аз гардиши мижгони худдорӣ тавон рафтан,
Ба ғайр аз лағзише гоме надорӣ, дидаро во кун.
Зи худ бигзар, ки то домони Лайлиро ба каф орӣ,
Ғубори роҳи Маҷнун шав, ватан домони саҳро кун.
Дили ҳар қатра з-асрори таҷаллӣ оламе дорад,
Кам аз чашми ҳубобе нестӣ, рав сайри дарё кун.
Бинои обу гилро гар ба авҷи осмон бандӣ,
Хатти насхи ғубори ӯ ба пеши тоқаш имло кун.
Зи сози ҳарзагӯйӣ хиффати идрок меҷӯшад,
Ба рафъи хиҷлат аст ин шева, санги сурма пайдо кун.
Ба асбоби ҷаҳон печидану ғофил зи худ гаштан
Бувад ғафлатпарастӣ, фикри ҳоли ин муаммо кун.
Агар ҳалли рамузи нусхаи имкон талаб дорӣ,
Саре аз ҷайби ҳастӣ дузд, сайри боли анқо кун.
Зи бас танг аст, Ҳоҷӣ, манзилу маъвои имконе,
Суроғи амният набвад, ватан беруни ин ҷо кун.