Набошад бар абас моро ба ин куҳсор гардидан,
Набошад бар абас моро ба ин куҳсор гардидан,
Ки бошад шеваи дилдодагон бекор гардидан.
Ҳазорон тавбаро бо лаъли майгуни ту бишкастам,
Хиҷолат мекашам дигар ба истиғфор гардидан.
Зи ақли норасо кулфаткаши суду зиён гаштам,
Раҳи девонагӣ беҳтар аз ин ҳушёр гардидан.
Зи кори саҳву нисён, муҳтасиб, медор маъзурам,
Ки мероси падар бошад ба ин кирдор гардидан.
Биё, зоҳид, ба гирди қуббаи дил саъйи ҷавлон кун,
Туро то кай ба гирди гунбади дастор гардидан?
Чунин гар дар баландӣ хотирам болидане дорад,
Гунаҳ набвад маро бар тарзи истикбор гардидан.
Макун, Ҳоҷӣ, таманнои висоли гулъизори худ,
Ки бошад шеваи ушшоқ зи ғам бемор гардидан.