Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй шаҳ, назаре ба ин гадо кун,

Эй шаҳ, назаре ба ин гадо кун, Раҳме ба ғариби бенаво кун. Сад бор хилофи ваъда кардӣ, Охир ба ғалат яке вафо кун. Ҳарчанд хилофи одати туст, Ин одати зиштро раҳо кун. Мо бо ту ҳамеша хайрхоҳем, Ту боситаму ба мо дағокун. Айбе набувад ҷафо-т бар ман, Андеша, валек аз Худо кун. Бар ҷойи дигар ҷафо-т ҳайфам Ояд, чу кунӣ, ба ҷон масо кун. Бо хайли рақиб ишқ ронӣ, Бар ман ба ғалат ҳисобҳо кун. Гарчи шудаем н-ошно мо, Як бор ба номам ошно кун. Ҳастем гадои бенавоят, Шоҳӣ туву мо башар, дуо кун. Бошад чи даме, ки гӯйӣ, Ҳоҷӣ, Пешам бинишин, қабо қафо кун.